Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Фикр мекунам, ки санги мусобиқаҳои подшоҳро чӣ тавр пайдо кунам. Он санг ба баҳр афтода буд.

— Ман дар куҷо будани он сангро медонам, — гуфт хуки обӣ. — Ҳозир мо онро гирифта ба ту медиҳем.

Хуки обӣ дар об нопадид гардид. Дере нагузашта оби лаби соҳил ба талотум даромад, гӯё ки он меҷӯшид. Ҳазорон хукҳои обӣ санги подшоҳро тела дода меоварданд. Онҳо сангро ба лаби соҳил бароварданд. Паҳлавон сангро гирифта каме бардошту онро бо пояш зад. Санг ба осмон парида рафту омада, ба назди қасри подшоҳ, ба ҷои аввалааш ба замин афтод!

Паҳлавон ба назди подшоҳ омада гуфт:

— Ман санги дӯстдоштаи шуморо ёфтам. Вай дар ҷои аввалааш истодааст.

Подшоҳ чӣ кор карданашро намедонист, духтарашро ба камбағали ҷулҳундипӯш додан намехост, аммо маҷбур буд, ки диҳад. Рӯзи тӯйро таъйин карданд.

Он гоҳ Кали Кӯтур аз бағалаш калтакашро бароварда, ба сараш зад ва ба як шикорчии паҳлавону зебое табдил ёфт.

Подшоҳ ба ҳайрат омада гуфт:

— Ин тавр ки бошад, ҳамроҳи духтарам ними мулку одамонамро ҳам ба ту медиҳам.

Шикорчӣ шоҳдухтарро ба занӣ мегирад. Онҳо замин, молу мулк ва хизматгорони бисёре доштанд. Вале бо вуҷуди ин шикорчӣ ба ҷангал рафта шикор мекард, ба дарё рафта, моҳӣ медошт.

Ҳамин тавр, зиндагӣ ба сар мебурданд. Вассалом.

пешина
аз 200
навбатӣ