Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Накарда, такроран амр мекард, ки боз ҳисоб карда бароянд. Боз ҳамааш дуруст мебаромад. Подшоҳ дастонашро ба ду тараф кушода гуфт:
– Хайр, майлаш. Акнун шарти дигар. Ана ин санги калонро бардоштан лозим. Касе, ки онро аз ҳама баландтар бардорад, паҳлавони ҳақиқӣ ҳамон аст ва духтари соҳибҷамоламро ба ҳамон кас медиҳам.
Паҳлавонон бо навбат ба назди санг меомаданд. Баъзеҳо он сангро аз ҷояш ҷунбонда наметавонистанд, дигарон аз замин каме бардошта зуд аз дасташон меафтонданд, сеюмиҳо то бучулаки по, чорумиҳо то зону мебардоштанд. Паҳлавони зӯртарин сангро то миёнаш мебардошт.
Шоҳдухтар гуфт:
– Падар, мон ки Кали Кӯтур санҷида бинад.
– Ту чиҳо мегӯй, духтарам, – гуфт подшоҳ. – Вай куҷову сангбардорӣ куҷо. Шарти якум осон буд, ки иҷро кард. Барои иҷрои ин шарт қувва даркор.
Шоҳдухтар илтиҷо мекард:
– Иҷозат деҳ, падар. Мехоҳам, ки вай сангро бардошта бинад.
Подшоҳ хандида гуфт:
– Майлаш бирав, Кали Кӯтур, санҷида бин, аммо охир ту онро аз ҷояш ҷунбонда ҳам наметавонӣ.
Кали Кӯтур сангро бо осонӣ гирифта ба болои сараш бардошт. Ҳама дар ҳайрат монданд. Подшоҳ сарашро дошт. Кали Кӯтур бошад, сангро ба замин гузошта, баъд онро боз бардошта бо пояш зад. Санг ба осмон парида, хеле дур рафт ва ба мобайни баҳр афтод!
Дар ин вақт подшоҳ ҷаҳида хеста дод гуфт:
– Ман нагуфта будам, ки санги дӯстдоштаамро ба ким-куҷо ҳаво диҳӣ! Охир, вай барои гузарондани мусобиқаҳо буд! Бирав, онро ёфта биёр! Бе санг барнагард, набошад, сарат аз тан ҷудо мешавад.
Кали Кӯтур ба назди баҳр рафт. Дар соҳил нишаста ғарқи хаёл шуд. Аз об хуки обие сар бароварда пурсид:
– Чӣ ба фикру хаёл ғӯта задаӣ, эй паҳлавон?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё