Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Паҳлавонон ба ҷамъ кардани биринҷ сар карданд. Чолокона мегундоштанд, боэҳтиёту чобукона мечинданд, вале ҳамин ки дарбориёни подшоҳ онҳоро шумурда мебаромаданд, ҳар дафъа чанд дона биринҷ камӣ мекард.
Шоҳдухтар гуфт:
— Падар, иҷозат деҳ, донаҳои биринҷро ҳо ана он Кали Кӯтур ҷамъ карда биёрад.
— Ту чӣ мегӯӣ, духтарам, — гуфт подшоҳ. — Магар ин одами назарногир аз уҳдааш мебарояд? Паҳлавонҳо аз уҳдааш намебароянду! Подшоҳдухтар бошад, якравӣ карда гуфт:
— Иҷозат деҳ, Кали Кӯтур санҷида бинад.
Подшоҳ розӣ шуд.
— Ин ҷо биё, Кали Кӯтур, — гуфт ӯ. — Бигузор, ҳамин хел шавад, иҷозат медиҳам, ки дар мусобиқаи ғундоштани биринҷ иштирок кунӣ. Вале дониста мон, ки ҳамаашро ғундошта натавонӣ, сарат аз тан ҷудо мешавад. Розӣ ҳастӣ?
— Розиям, — ҷавоб дод шикорчӣ, — фақат ҳамин ки шумо ҳамаатон аз соҳил дур равед ва ба ман халал нарасонед.
Дар соҳили баҳр як халта биринҷро пош доданд ва подшоҳ ба ҳама амр намуд, ки аз соҳил дур раванд. Шикорчӣ рӯи кундае нишаста, ба фикр фурӯ рафт. Ногоҳ, ҳамон парандае, ки ӯ бачаҳояшро халос карда буд, парида омада пурсид:
— Эй паҳлавон, чаро ба фикру хаёл фурӯ рафтӣ?
— Фикр мекунам, ки ҳамаи ин биринҷро чӣ тавр ғундорам, охир, агар аз уҳдааш набароям, подшоҳ маро мекушад.
— Ғам нахӯр, — гуфт паранда, — ман ба ту ёрӣ мерасонам. Ҳозир ман ҳамаи парандаҳои ин ҷангалро ҷеғ мезанам ва мо ҳамаашро зуд мегундорем.
Парандаҳо ҷамъ омада биринҷро то донаи охирин ғундоштанд.
— Нигоҳ кунед, нигоҳ кунед, — дод заданд одамон дар назди қасри подшоҳ. — Кали Кӯтур омада истодааст, халтаи биринҷро оварда истодааст. Биринҷро хеле зуд ғундошт. Эҳтимол, ҳамаашро нағундошта бошад.
Маслиҳатчиёни подшоҳ биринҷро гаштаву баргашта ҳисоб карданд, ҳамаи донаҳои биринҷ дар ҷояш буд. Подшоҳ бовар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё