Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
КАЛИ ҚУТУР
Дар соҳили баҳр шикорчиёне зиндагӣ мекард. Вай як рӯз ба тарафи шимол равон шуд. Дар роҳ дар назди ҳарсанги соҳил хуки обиеро дид. Хуки обӣ мехост ба баҳр даромада равад, аммо наметавонист. Шикорчӣ хуки обии бечораро бардошта ба лаби баҳр овард ва ба об сар дод. Вай шино карда рафт.
Шикорчӣ қад-қади дарё ба боло равон шуд. Дар роҳ банохост дид, ки як мор ба сӯи лонаи парандае хазида истодааст ва чӯҷаҳои онро хӯрдан мехоҳад. Шикорчӣ морро кушта чӯҷаҳоро халос кард. Ӯ боз ба роҳаш давом кард. Як қаиқ ба ӯ расида гирифт. Дар қаиқ ҳафт кас нишаста буд.
— Салом, — гуфт шикорчӣ,
— Салом, — алек гирифтанд онҳо.
— Чӣ гапҳои нав? Ба куҷо меравед? — пурсид шикорчӣ.
— Мо ба мусобиқа шитоб дорем, — ҷавоб доданд онҳо. — Подшоҳ духтари соҳибҷамолашро ба шавҳар медиҳад.
— Маро ҳам бо худ гиред! — гуфт бо овози баланд шикорчӣ.
— Не, намегирем, қаиқи мо хурд, дар он танҳо ҳафт кас ҷой мегирад, — гӯён онҳо тезтар бел заданд.
Дере нагузашта боз як қаик пайдо шуд. Дар он шаш кас нишаста буд.
— Маро ҳам бо худ гиред, — гуфт бо овози баланд шикорчӣ.
— Не, дар қаиқи мо танҳо шаш кас мегунҷад, — ҷавоб доданд ба ӯ ва шинокунон рафтанд.
Боз як қаики дигар шино карда омад. Дар он панҷ кас нишаста буд.
— Дар қаиқи мо танҳо панҷ кас мегунҷад, — ҷавоб доданд ба шикорчӣ.
Дар қаиқи чорум чор кас нишаста буд.
— Қаиқи мо чор кас мебарад, — гуфтанд онҳо.
Дар қаиқи сеюм се кас менишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё