Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

– Акнун ман меравам. Хӯроквориатон бисёр. Барои хеле вақт мерасад. Ман туро беҳуда апа нагуфта будам. Ман додари туам. – Ва ӯ рафт.

Писарча хоҳиш кард:

– Оҷа, ба ман ришта тофта деҳ!

– Ман бо як даст чӣ тавр ришта тоб медиҳам? – гуфт нозанин.

Писарча гиёҳҳои сахт чида овард ва онҳо бо модар ришта тофтанд. Баъд ӯ гуфт:

– Оҷа, ба ман чангак соз кун.

– Ман бо як даст чӣ тавр чангак месозам?

Аммо ба ҳар ҳол сӯзанро ҳам карда, чангак сохт. Писар ба лаби дарё барои моҳидорӣ рафт. Вай шасташро ба об партофта мунтазир шуд. Банохост ким-чизе ба шаст дармонд. Писарча онро кашида баровард. Вай як даст буда, дастпона ва муҳра дошт.

– Агар ту дасти модарам бошӣ, ба ҷоят бичасп! – гуфт писарча ва боз ба об шаст андохт. Ин дафъа моҳии калоне дармонд. Писарча моҳиро ба хона оварда гуфт:

– Оҷа, моҳиро тоза кун.

– Ту маро масхара мекунӣ, – гуфт нозанин. – Ман бо як даст чӣ тавр моҳӣ тоза мекунам?

Он гоҳ писараш гуфт:

– Ман дасти туро ёфтам, оҷа. Акнун ту ду даст дорӣ.

Нозанин ба чашмонаш бовар намекард. Ӯ ду даст дошт. Вай писарашро бо ҳар ду дасташ ба оғӯш гирифт. Баъд моҳиро тоза кард. Писараш моҳии бисёр меовардагӣ шуд.

Онҳо ҳамин тавр зиндагӣ мекарданд.

Зимистон фаро расид. Нозанин ба писараш тиру камон сохт, то ки ӯ шикор кунад. Вай гуфт:

– Писарам, ана тиру камони ту, шикор карданро ёд гир, фақат ба он сӯи дарё тир наандоз.

Аммо писараш як рӯз ба он сӯи дарё тир андохт. Баъд ба ҷустуҷӯи тираш рафт. Тир ба дари чайлаи калоне халида буд. Писарча дарро кушода ба чайла даромад. Дар он ҷо шикорчӣ бо занаш зиндагӣ мекард. Шикорчӣ гуфт:

пешина
аз 200
навбатӣ