Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
— Чаро мӯятро буридӣ? — пурсид ӯ.
— Алов гирондам, мӯям сӯхт, онро бурида партофтам, — гуфт Пэгэликту.
Саҳарӣ Пэгэликту гуфт:
— Биё, ба он соҳил мегузарем, ин ҷо аҷина дорад.
Онҳо ба соҳили дигар гузаштанд. Дар он ҷо шаш бародари паҳлавон, бародарони хурдии шикорчӣ зиндагӣ мекарданд. Як нафари онҳо ба пешвози қайиқ баромад. Баъд ба хона баргашта гуфт:
— Акаам моро фиреб дода будааст. Гуфта буд, ки занаш нозанин асту мӯйҳои дарози дурахшон дорад. Ман занашро дидам. Вай ҳеҷ хушрӯ нест. Мӯйҳояш ҳам буридагӣ.
Шикорчӣ ба пеши додаронаш омад. Онҳо гуфтанд:
— Худатон чайла созед. Ҳамроҳи мо зиндагӣ накунед.
Бародари калонӣ ва Пэгэликту чайла сохтанд. Як рӯз шаш бародар ба он соҳил гузаштанӣ шуданд. Пэгэликту фарёд намуд:
— Истед! Ба он ҷо наравед! Он ҷо аҷина дорад!
Аммо додарон гӯш накарданд. Онҳо дар он соҳил ба кӯҳ баромада, мева меҷустанд. Ва банохост нозанинро дида монданд. Вай нафас намегирифт. Диданд, ки ӯ ҷароҳате надорад. Вале дар гӯшҳояш қалъагӣ. Қалъагиро бо корд оҳиста кашида гирифтанд. Нозанин гуфт:
— Шумо маро зинда кардед.
Додарон ӯро дар пӯстлохи дарахти тӯс печонда ба хона равон шуданд. Ба болои ӯ шохчаи черёмуха1 партофтанд.
— Чӣ овардед? — фарёд кард Пэгэликту.
— Мева, — ҷавоб доданд додарон.
— Ба ман ҳам диҳед! — фарёд кард Пэгэликту.
Ба вай як шохча доданд. Дар хона бародарон ва нозанин ба Пэгэликту механдиданд. Шикорчӣ овози нозанинро шунида ба назди бародаронаш омад.
— Чаро омадӣ? Ҳамроҳи Пэгэликту зиндагӣ кардан гир, — гуфт нозанин.
1 Черёмуха – маҳлаб, дарахте, ки меваи хурд ва гулҳои хушбӯй дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё