Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

НОЗАНИН

Нозанине дар соҳили дарё зиндагӣ мекард. Боре вай барои об рафт. Ба чайла баргашта дид, ки дар ҷои меҳмоннишини чайла шикорчии паҳлавоне нишастааст. Нозанин ба паҳлавон хӯрок дод.
— Ман ҳамроҳи ту зиндагӣ мекунам, — гуфт паҳлавон.
— Ман хурсанд мешавам, — гуфт нозанин. — Ман яккаву танҳоям. Дар чайлаи ман на гӯшти тозаи гавазн ёфт мешаваду на тосмоҳии тоза. Ту барои ман гӯшт ва моҳӣ меорӣ.
Онҳо якҷоя зиндагӣ карданд. Паҳлавон ба дарё рафта моҳӣ медошт, ба ҷангал рафта шикор мекард. Дар хонаи онҳо ҳама чиз фаровон шуд. Боми чайларо бо ҷарми гавазн пӯшонданд. Ҳамин тавр онҳо зиндагӣ карданд.
Рӯзе ба хонаи онҳо зане омад, ки мӯйҳояш кӯтоҳ бурида шуда буд. Шикорчӣ барои шикор ба тайга рафта буд. Зан ба хона омада бомро хоида хӯрдан гирифт. Вай хеле гурусна буд. Нозанин аз хона баромада дид, ки он зан ба занҳои мамлакатҳои дигар монанд аст. Либосаш на аз пӯсти моҳӣ, на аз пӯсти даранда. Нозанин ӯро ба хона таклиф карда хӯрок дод. Он занро Пэгэликту меномиданд, ки маънояш «мӯйбурида» буд. Пэгэликту ба нозанин гуфт:
— Биё, саратро бинам.
— Лозим не, сарам тоза аст, — гуфт нозанин.
Аммо Пэгэликту ба мӯи нозанин панҷа зад. Нозанинро зуд хоб бурд. Пэгэликту қалъагиро об карда ба гӯши вай рехт. Нозанин аз нафасгирӣ монд. Пэгэликту либосҳои нозанинро пӯшида ҷасади ӯро ба ҷангал бурда партофт. Шикорчӣ бегоҳӣ бевақт аз шикор баргашт. Ҳаво торик шуда буд. Ӯ пай набурд, ки ӯро зани худаш нею зани бегона пешвоз гирифтааст.

пешина
аз 200
навбатӣ