Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
— Не, — гуфт хукчаи обӣ, — мо хеле бисёрем.
— Шуморатон чӣ қадар аст? — пурсид рӯбоҳ. 1
— Чӣ қадар буданамонро намедонам, лекин агар мо ҳамаамон ба рӯи об баромада саф кашем, аз ин ҷазира то соҳили баҳр пур мешавад.
— Канӣ, ба рӯи об баромада саф кашед. Ман шуморо ҳисоб мекунам, — гуфт рӯбоҳ.
Хукчаи обӣ ғӯта заду баъд аз фурсате баҳр ба ҷунбиш даромад ва ҳамаи хукҳои обии баҳр ба рӯи об баромаданд. Онҳо ҳадду ҳисоб надоштанд ва баҳрро аз ҷазира то соҳил пур карда буданд.
Рӯбоҳ бошад, аз болои онҳо ба сӯи соҳил медавид. Вай давон-давон мегуфт: «Як, ду, се! Як, ду, се! Як, ду, се!» Вай аз болои як хуки обӣ ба болои дигараш парида, оқибат ба соҳил расид. Рӯбоҳ ба соҳил баромада дастонашро ба миёнаш гузошта қоҳ-қоҳзанон хандид.
— Хайр, мо чӣ қадар будаем? — пурсиданд хукҳои обӣ.
Рӯбоҳ бошад, механдиду механдид, худашро ҳеҷ дошта наметавонист.
— Ман шуморо фириб додам! — гуфт вай бо овози баланд. — Аз болои шумо тар нашуда ба соҳил баромадам. Ман ҳисобро фақат то се медонам. Лекин макру ҳилаам се карат зиёдтар аст.
— Беҳуда моро ташвиш додӣ, — гуфт хуки пири обӣ, — ту ҷонвари зарарноки, рӯбоҳ. Дуруст аст, ки макру ҳиллаи бисёр дорӣ, вале аз дасти одам халос шуда наметавонӣ.
Гапи пирхуки обӣ рост баромад. Рӯбоҳи гурусна ба ҷустуҷӯи хӯрок баромада, ба доми шикорчӣ дармонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё