Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
– Рӯбоҳ бачаҳоямро ҳар замон омада мебарад. Метарсонад, ки агар бачаҳоямро ба вай nadiҳam, дарахтро бо табар бурида, ҳамаи моро сихкабоб мекунад.
– Гиря накун, санҷоб. Ба гапи рӯбоҳ бовар накун. Агар ӯ боз ояд, бигӯ: «Ту на табар дориву на сихи кабоб». Агар пурсад, ки инро ба ту кӣ ёд дод, бигӯй: «Лаклак». – Инро гуфту лаклак ба сӯи баҳр парвоз карда рафт.
Рӯбоҳ бошад, боз омада фарёд кард:
– Ҳой санҷоб, бачаатро парто, абошад дарахтро бо табар бурида ҳамаатонро сихкабоб мекунам.
– Ту на табар дориву на сихи кабоб, – гуфт санҷоб.
– Кӣ ин гапро ба ту ёд дод, санҷоби нодон?
– Лаклак ба ман ёд дод, – гуфт дар ҷавоб санҷоб.
– Он лаклак куҷост?
– Ба сӯи баҳр парвоз карда рафт.
«Ман ин лаклакро мехӯрам» – қарор дод рӯбоҳ. Ва давида ба соҳили баҳр рафт. Вай лаклакро дида, поида-поида ба вай наздик шуд. Вақте ки рӯбоҳ тамоман наздик шуд, лаклак парвоз намуд. Рӯбоҳ ҷахида аз думи лаклак дошта гирифт. Лаклак парвозкунон рӯбоҳро ба ҳаво бардошт. Лаклак аз рӯи баҳр парвоз мекард, рӯбоҳ бошад, ӯро маҳкам дошта буд. Дар поён ҷазирае намоён гардид. Дандонҳои рӯбоҳ ба дард омаданд ва ӯ лаклакро сар дода ба ҷазира афтод. «Чӣ бояд кард? Чӣ тавр аз ин ҷазира ба соҳили баҳр бароям?» – фикр мекард вай. Баъд нишаста «О-о! О-о!» гӯён ба гиря даромад. Хукҷаи обие сарашро аз об бароварда пурсид:
– Чаро ту гиря мекунӣ?
– Ман гиря намекунам. Ман суруд мехонам, – ҷавоб дод рӯбоҳ.
– Дар бораи чӣ суруд мехонӣ? – пурсид хукҷаи обӣ.
– Дар бораи он ки рӯбоҳи доноям, ҳама чизро медонам. Ҳамаи ҳайвонҳои дунёро шумурда баромадам. Фақат шумо, хукҳои обиро ҳисоб накардаам. Ба гумонам, он қадар бисёр нестед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё