Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

АФСОНАҲОИ ОРОЧӢ

АФСОНА ДАР БОРАИ РӮБОҲ

Дар болои дарахте дар ҷангалзор санҷобе бо бачаҳояш зиндагӣ мекард. Боре рӯбоҳе давида, ба таги дарахт омада гуфт:
— Ҳой, санҷоб, бачаатро ба ман деҳ!
— Намедиҳам, — гуфт санҷоб.
— Парто мегӯям, вагарна, дарахтро бо табар мебураму туро бо бачаҳоят ба сих гузаронида кабоб мекунам, — фарёд кард рӯбоҳ.
Санҷоб тарсида як бачаашро ба пеши рӯбоҳ партофт. Рӯбоҳ ӯро ба беша бурда хӯрд ва боз давида ба назди санҷоб омад:
— Ҳой, санҷоб, боз як бачаатро ба ман деҳ! — фарёд кард ӯ.
— Намедиҳам! — гуфт санҷоб.
— Деҳ мегӯям, вагарна, дарахтро бо табар бурида, ҳамаатонро ба сих мегузаронаму бирён карда мехӯрам.
Санҷоб боз як бачаашро ба назди рӯбоҳ партофт ва худаш хеле гирён шуд. Ҳамин вақт лаклаке парида омада пурсид:
— Чаро ту гиря мекунӣ?

пешина
аз 200
навбатӣ