Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ҷасур бошӣ, шабона ба вайронае рафта ягон нишона биёр. Аз ин ҷо поёнтар, қад-қади Амур як қишлоқи вайроне ҳаст. Одамони он ҷо ҳама мурдаанд, чунки дар он ҷойҳо шайтонҳо пайдо шудаанд.

«Не, — фикр кард Мерган, — намехоҳам, ки касе ба диловарии ман шубҳа кунад». Вай сагҳои беҳтаринро ба ҷана баста, қад-қади Амур поён рафт. Шаби торику бемаҳтобе буд. Мерган ба қишлоқи вайрона расида, ба чайлаи охирин даромад. Чайла пури шайтон буд. Мерган аз кисааш чақмоқ бароварда чик-чик зад. Гумон дошт, ки шайтонҳоро бо оташ метарсонад. Шайтонҳо бошанд, хандида дар зери деворҳо фиш-фишкунон чақмоқсангҳои худро бароварда чик-ҷик задан гирифтанд. Аз ҳар тараф шарора мепарид. Мерган оташ гиронда дид, ки шайтонҳои бисёре давра зада нишастаанд. Вуҷуди шикорчиро тарсу ваҳм фаро гирифт, вале фикр кард: «Не, намегурезам, ба чайлаи дигар даромада, ягон нишона мегирам ва ба ҷавонҳо нишон медиҳам, ки дар ҳақиқат ба вайрона омада будам».

Вай аз чайла баромада ба ҷана нишаст, вале ҳамин ки сагҳоро ронданӣ шуд, касе аз пушт ҷанаро сахт нигоҳ дошт. Чӣ бояд кард? Вай шамшери ҷилоддорашро аз ғилоф бароварда, дар торикӣ аз таваккал шамшер зад. Дар қафо ким-чӣ ба замин афтод ва ҷана ба пеш ҳаракат намуд. Мерган сагҳоро ба хона меронд. Дар он ҷо ҷавонони сархуш мунтазири ӯ буданд.

— Хайр, ба вайрона рафтӣ, — шавқун бардоштанд онҳо, — ё ки фақат як давр зада омадӣ?

Онҳо ба ҷанаи Мерган нигоҳ карда, дар ҷояшон шах шуда монданд: аз қафо дастҳои сиёҳи оҳанин ҷанаро сахт дошта овезон шуда буданд...

— Инҳо чианд? Инҳо дастони киянд? — пурсиданд онҳо.

Мерган воқеаро ҳикоя карда дод. Ҳамсояҳо бо тарс ба дастони оҳанин нигоҳ карда, ӯро барои диловариаш таърифу тавсиф карданд. Баъд он дастҳоро ба таноб овехта монданд.

Аз байн се сол гузашт ва шабе дастони оҳанин ғайбзаданд. Онҳо на ин ки ғайб заданд, балки шамшери ҷилоддорро низ гирифта бурданд.

Мергани ҷасур ҳам худи ҳамон шаб мурд.

пешина
аз 200
навбатӣ