Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Дарёчаи Тагоб, — ҷавоб дод рӯбоҳ. — Акнун манзил наздик аст, худатон мерасед, ман вақт надорам. Хайр, духтарҳо! — гӯён рӯбоҳ аз болои ҷана ба замин ҷахид. Вале боз қоҳ-қоҳ хандид. Ин рӯбоҳ ҳамин хел одат дошт. Вай каме дуртар гурехта, боз қоҳ-қоҳ хандида гуфт:

— Ман шуморо фиреб додам, духтарҳои нодон! Халтаи равғанро то тагаш хӯрда тамом кардам!

— Рӯбоҳи маккор моро фиреб дод, — гуфтанд духтарҳо. — Аммо аз дасти мо халос намешавад! — Онҳо гавазнҳояшонро аз ақиби рӯбоҳ давонданд.

Рӯбоҳ ба ҷангал гурехт. Барфи он ҷо хеле баланд буд. Рӯбоҳ дар барф андармон шуда, аз ҳол рафт. Гавазнҳо ба ӯ наздик шуданд. Чӣ бояд кард? Рӯбоҳ ба як дарахти баланд баромад. Духтарҳо ҳам расида омаданд. Фикр карданд, ки чӣ тавр рӯбоҳро дастгир кунанду ҷазои дуздро диҳанд.

— Дарахтро мебурем, — гуфт як духтар.

— Агар бурем, дарахт меафтад, рӯбоҳи маккор аз нӯги дарахт ҷахида боз мегурезад, — ҷавоб дод дигаре.

— Ин тавр бошад, оташ мезанем!

— Рост мегӯӣ!

Онҳо зуд хезуми хушк чида, дар гирди дарахт оташ гиронданд. Оташ аланг зада бо забонаҳояш рӯбоҳро лесидан гирифт. Аммо рӯбоҳи мо на аз онҳое буд, ки ба осонӣ ҷон диҳад. Вай илтиҷо мекард:

— Оташ, оташ, ҳамаамро насӯз, ба ман раҳм кун! Маро зинда мон, ақаллан ба қадри як остин мон!

Оташ илтиҷои ӯро шунид. Вай гарчанде рӯбоҳи маккорро сӯзонда бошад ҳам, бо вуҷуди ин зинда гузошт, ба қадри дарозии як остини пӯстин ӯро боқӣ мононд.

Рӯбоҳҳои ҳозира аз ҳамон рӯбоҳе пайдо шудаанд, ки хӯрдакак заб-зарданд, ба назар чунин мерасад, ки гӯё оташ гирифта бошанд.

пешина
аз 200
навбатӣ