Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Димоғи Ковшичан сӯхт. Аммо сир бой надод. Ният кард, ки аз фиребгар қасос гирад. Тирамоҳ омад ва рӯи кӯлҳо ях бастанд. Рӯзе Ковшичан ба рӯбоҳ гуфт:
— Биё, ба ҷангал рафта шикор мекунем.
— Рафтем, — ҷавоб дод рӯбоҳ.
Роҳ аз болои кӯл мегузашт. Ковшичани сабук пешопеш медавид, рӯбоҳ бошад, аз қафои ӯ.
— Ба назарам ях мекафад, — гуфт рӯбоҳ.
— Натарс, ях мустаҳкам аст, — гуфт Ковшичан.
Вале ногоҳ яхи зери пои рӯбоҳ фурӯ рафту ӯ ба об афтида ғарк шудан гирифт.
— Ёрӣ деҳ, ёрӣ деҳ, ҳамсоя, ман ғарк мешавам! — фарёд кард рӯбоҳ. — Ба соҳил давида раву як хода гирифта биёр!
Ковшичан ба соҳил давида рафта, ба хода буридан сар кард. Вале вай ин корро оҳиста-оҳиста мекард. Дар ин муддат рӯбоҳ ба қаъри кӯл даромада рафт.
— Ана, қасосамро гирифтам, фирибгари ҷоҳил! — гуфт Ковшичан.
Аммо рӯбоҳи мо на аз онҳое буд, ки ба осонӣ ҷон диҳад. Вай дар қаъри кӯл роҳ ёфта, ба назди моҳиҳо расид. Моҳиҳо ӯро шинохта гуфтанд:
— Эй рӯбоҳ, ту аз ҳеҷ чиз наметарсӣ. Эҳтимол, ту бахшӣ бошӣ. Модарамон касал шудааст, ту вайро сиҳат намекунӣ?
— Ҳа, ман бахшӣ ҳастам, — ҷавоб дод рӯбоҳ. — Ман ҳар хел касалиҳоро дур карда метавонам.
— Ин тавр бошад, модари моро наҷот деҳ, дардашро дур кун.
— Ман розӣ, — гуфт рӯбоҳ. — Шумо як шохи калон биёред ва яхи кӯлро шикаста шохро чунон гузоред, ки як нӯгаш аз ях берун барояд. Боз якчанд парда ҳам биёред. Вақте ки ман ба афсун машғул мешавам, дардро аз вуҷуди кампир меронам, ҳеҷ кас набояд моро бинад. Ба назди мо парда кашед, лекин нигоҳ накунед. Кампир дод мегӯяд, ки «Рӯбоҳ маро мекушад, тухмҳоямро мехӯрад! Занед рӯбоҳро!» Аммо шумо бовар накунед. Ин худи кампир не, балки дарди вай дод хоҳад гуфт, чунки ман ӯро аз тани пиразан дур мекунам.

пешина
аз 200
навбатӣ