Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Баъди чанд рӯз онҳо дар соҳил галаи гавазнҳоро диданд, ки шумораи онҳо бист сарро ташкил медод.
— Биё, ба соҳил мефуроем, — гуфт рӯбоҳ.
— Майлаш.
Вақте ки онҳо ба соҳил фуромаданд, Ковшичан гуфт:
— Ин гавазнҳо хеле ба гавазнҳои ман монанданд. Пешравашон худи аз они ман барин. Шинохтам, инҳо гавазнҳои мананд.

— Ту нодон будай, Ковшичан, — гуфт рӯбоҳ. — Магар танҳо ту гавазн дорӣ? Магар гавазнҳо ба ҳамдигар монанд намешаванд? Ҳатто одам ба одам монанд мешавад, гавазнҳо бошанд, тамоман монанд, онҳоро аз якдигар фарқ кардан мушкил. Охир, мо аз қароргоҳамон тамоман дур рафтаем. Инҳо гавазнҳои бегонаанд. Биё, беҳтараш онҳоро ба як сӯ ҳай кунем, то ки соҳибашон онҳоро набинад, баъд якта-якта кушта мехӯрем, ана кайфу сафо мешавад! Охир, тӯшаамон тамом шудааст-ку.

— Гавазнҳои бегонаро хӯрдан мумкин нест, — гуфт Ковшичан.
— Ихтиёрат, — ҷавоб дод рӯбоҳ. — Вале ман гӯшти тозаи гавазн хӯрдан мехоҳам.

Вай як гавазни фарбеҳро дошта кушт ва гӯшташро пухта ба хӯрдан сар кард. Ковшичан ба вай нигоҳ карда, оби даҳонашро фурӯ мебурд. Рӯбоҳ инро дида гуфт:
— Бихӯр, Ковшичан, гавазни бегона буданашро фаромӯш кун. Онро ту не, ман дуздидаам! Ман туро зиёфат мекунам.

Ковшичан ба хӯрдан сар кард. Чӣ хел ин гӯшт бомаза буд! Аз хӯрданаш сер намешавӣ! То бегоҳӣ хӯрад ҳам, кас сер намешавад!

Онҳо то бегоҳӣ гавазнҳоро хӯрда тамом карданд, рӯзи дигар боз як гавазни дигарро куштанд. Ана ҳамин тавр бист рӯз кайфу сафо карда, бист гавазнро кушта хӯрданд. Баъд рӯбоҳи маккор қоҳ-қоҳзанон хандид.

— Ман туро фириб додам, Ковшичан! Мо ҳамаи гавазнҳои туро хӯрдем. Чайлаҳои мо дар ин наздикиҳоанд. Рафтем ба хона!

пешина
аз 200
навбатӣ