Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
АФСОНАҲОИ ЭВЕНКӢ
НАЙРАНГҲОИ РУБОҲИ МАККОР
Як замонҳо қади рӯбоҳ баробари қади одам буд. Тамоман одам барин буд. Вай дар чайла, дар соҳили дарёи калон зиндагӣ мекард. Гавазнпарвар Ковшичан ҳамсояи ӯ буд. Рӯбоҳ корро дӯст намедошт. Гавазн парвариш намекард, фақат бо макру фиреб ва хилаву найранг рӯз мегузаронд. Вай боре ба ҳамсояаш гуфт:
— Дӯстам, чаро ману ту фақат дар хона менишинем, аз кору бори дунё бехабарем? Биё, ба саргаҳи дарё меравем. Шояд ягон чиз пайдо кунем.
Ковшичан розӣ шуд. Онҳо ду қайиқ тайёр карда, тӯшаи роҳ гирифтанду ба роҳ баромаданд. Дарё ором ва оҳиста ҷорӣ мешуд, маҷрояш номаълум буд. Дӯстон ба соҳил баромада, шабро мегузаронданду саҳарӣ роҳашонро давом медоданд. Шабона сари қайиқҳояшонро ба тарафе мегузоштанд, ки ба ҳамон тараф шино карданашон лозим буд, барои он ки мабодо ба қафо шино накунанд.
Як шаб, вақте ки Ковшичан хоб буд, рӯбоҳ сари қайиқҳоро ба қафо гардонда ба тарафи равиши маҷро рост кард. Вай саҳарӣ Ковшичанро бедор карда гуфт:
— Зуд хез, рӯз шуд, ба роҳ мебароем!
Онҳо зуд ба қайиқҳо савор шуда шино карданд. Ковшичан пай бурд, ки онҳо ба қафо шино карда истодаанд.
Рӯбоҳ пайваста гап мезаду шарикашро саргаранг мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё