Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

МУШ ВА ГАВАЗН

Як рӯз муш ва гавазн ба ҳам дучор шуданд. Онҳо байни худ мунозира сар карданд, ки пагоҳӣ кӣ аз ҳама пеш нурҳои офтобро мебинад.

— Ман пештар мебинам, — мегуфт гавазни ҳавобаланд. — Пойҳои ман дароз-дароз ва чашмонам калон-калонанд. Пойҳои ту кӯтоҳакак ва чашмонат майда-майда. Кӣ гуфтааст, ки як муши ночизи рӯ-рӯи замин ҷӯланда, аввалин шуда нури офтобро бинад!

— Пойҳои дароз хубанд, чашмони калон ҳам хеле нағз, — гуфт муш, — аммо, ба ҳар ҳол, нурҳои офтобро аввалин шуда ман мебинам.

Онҳо мунтазири баромадани офтоб шуданд. Гавазн чашмонашро калон-калон кушода ба тарафи шарқ нигоҳ мекард. Муш қафо гашта ба тарафи ғарб нигоҳ карда истод. «Муши нодон, ҳатто намедонад, ки офтоб аз кадом тараф мебарояд», — фикр кард бо тамасхур гавазн.

Инак, нурҳои аввалини офтоб намудор шуданд. Онҳо нӯги дарахтонро заррин карданд. Муш айнан ба ҳамон дарахтон нигоҳ мекард. Вай фарёд кард:

— Ана, нурҳои аввалини офтоб! Ман пештар онҳоро дидам!

Гавазн аз ин фарёд қафо гашта, он чиро, ки муш аввалин шуда дида буд, яъне нурҳои аввалини офтобро, ки нӯги дарахтонро равшан мекарданд, дид. Гавазн, барои он ки муш аз вай донотар баромад, дар ғазаб шуда, ӯро бо сумҳояш пахш карда, куштанӣ шуд. Аммо муш ба лонааш даромада, аз он ҷои бехатар ба ҳоли гавазни калони ҳавобаланд механдид.

Аз он вақт сар карда мушу гавазн ба ҳам душман шуда монданд.

пешина
аз 200
навбатӣ