Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Вай қокумро ғамхорона нигоҳубин мекард, дере нагузашта вай ҷон гирифт, фарбеҳ, чобуку хушҳол гардид. Аммо ба ҷои мӯи зарди сиёҳҷтобаш мӯи барф барин сап-сафед баровард. Қокуми хурдакак мисли шир сапсафед шуд.

Мӯйсафед ин ҷонвараки ҷусту чолокро дӯст дошт. Ҳаёти қокум осудаву озодона буд, чунки вай шикор карда меовард. Шикорчӣ барои як рӯзи сиёҳаш, агар ягон рӯз шикораш барор нагирад, каме равған нигоҳ медошт. Боре ӯ қуттиро кушода захираи равғанашро аз назар гузаронида дид, ки равған қариб тамом шудааст. Дар таги қуттии равған изи дандонҳои тези қокум нақш баста буданд. Мӯйсафед дар ғазаб шуда, аз ҷояш ҷаҳида хест. Чӣ бояд кард? Худи ҳозир адаби ин қокумро диҳад? Вале мӯйсафед каме андеша карда, худро чунин вонамуд кард, ки гӯё ба шикор рафта истодааст ва аз чайла баромада, ба қафои дарахти назди чайла пинҳон шуд. Қокум дид, ки шикорчӣ нест, зуд ба қуттӣ даромада, равғани боқимондаро ба хӯрдӣ сар кард. Мӯйсафед калтаки нимсӯхтаеро бардошта оҳиста ба чайла даромад. Аммо қокум аз ҳама эҳтиёткортар ва аз ҳама ҳушёртар буд, вай ҳамон дам хавферо пай бурда, рӯ ба гурез овард. Мӯйсафед бо чӯби нимсӯхта ӯро заданӣ шуд, аммо қокум, ки аз ҳама чобуктар буд, худро аз зарба ба як тараф кашид ва калтаки мӯйсафед ба нӯги думаш расиду халос. Қокум гурехта рафт.

— Ба ҳар ҳол, ман туро нишона мондам, дузди роҳзан! — фарёд кард мӯйсафед.

Аз ҳамон вақт сар карда, нӯги думи қокум сиёҳ аст.

Аз ҳамон вақт сар карда мардуми мо қокумро ҷонвараки нишондор мегӯянд.

пешина
аз 200
навбатӣ