Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Аз пушти он ду нафари дигар давид. Рафиқи дуюмро низ дошта кушт. Рафиқи сеюмин бошад, боз ҳам тезтар медавид. Хирс шикорчии сеюмро ҳам дошта кушт.
Пас аз чанд рӯз вай дар ҷангал боз ба се нафар шикорчӣ рӯ ба рӯ шуд. «Ҳозир онҳоро якта-якта дошта мекушам» — фикр кард хирс. Вай ба яке аз онҳо ҳамла кард. Ду рафиқи дигар ба ёрии рафиқи сеюми худ шитобиданд. Онҳо ба хирс аз ду тараф ҳуҷум карда, ӯро бо найза зада куштанд.
Росомаха гуфт:
— Ту беҳуда ман-манӣ кардӣ, хирс. Ту дар ҳақиқат аз одам, ҳатто аз се одам ҳам зӯртарӣ, ба шарте ки ҳар кадоми онҳо ғами ҷони худро хӯрад. Аммо агар ҳар се нафар муттаҳид шаванд, зӯри ту намерасидааст.
ЧАРО НӮГИ ДУМИ
ҚОКУМ СИЁҲ АСТ
Ин воқеа дар он замонҳо рӯй дода буд, ки ҳамаи ҳайвоноти ҳозира пайдо шуда бошанд ҳам, аммо на ҳамаи онҳо шакли ҳозираашонро гирифта буданд. Қокум он вақтҳо сиёҳи зардчатоб буд.
Як зимистон хеле сахт омад. Ҳамаи дарандаҳо медонистанд, ки дар ҷангал дар чайлаи гарм шикорчии пире зиндагӣ мекунад. Рӯзе қокум аз шиддати сармо ва гуруснагӣ хеле беҳол шуду ба назди чайлаи шикорчӣ омад, ба дудбаро даромада барои гармшавӣ дар як кунҷаки он нишаст. Ӯ гарм шуду хобаш бурд. Ҳамин вақт мӯйсафед ба чайла даромада, дарро сахт пӯшид. Қокум як қад парида, ба даруни деги оби ҷӯшон афтод. Вай бо овози баланд дод гуфт. Мӯйсафед зуд ӯро аз об бардошта гирифт. Қокум базӯр нафас мегирифт, мӯи баданаш тамоман рехта, лублуч ва бемадор шуда буд.
Мӯйсафед худ ба худ гуфт:
— Ман дар ин ҷангал танҳоям. Бигузор ин қокуми хурдакак ҳамроҳи ман дар чайла зиндагӣ кунад. Ба ҳар ҳол, бо ӯ ман зиқ намешавам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё