Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Ва инак шумо омадед. Шумо аз куҷо мешавед? Чаро ба ин авул омадед? Чӣ тавр зинда мондед? — гӯён вай ба ҷавон чой рехта, қанду нон дод.
Хаймар-ӯгул чою нон хӯрда гуфт:
— Ман дар рӯи ҷаҳон гашта, ризку рӯзӣ пайдо мекунам. Ҳоло ба ин тарафҳои шумо омада мондам. Ин девҳо чӣ гунаанд?
— Онҳо махлуқҳои бадҳайбати бисёрсараанд. Ҳар кадоме чанд сари гов барин сар дорад.
«Пас, маълум мешавад, ки ман он девҳо — соҳибони ин авулро куштаам!» — хурсандона аз дил гузаронид Хаймар-ӯгул ва гуфт:
— Ту хони бисёрсараи худро дӯст намедорӣ, дар ин ҷо азоб мекашӣ. Биё, аз ин ҷо гурехта, якҷоя зиндагӣ мекунем.
— Агар ҳамаи корҳо мувофиқи матлаб мешуд, нағз буд. Вале ин кори имконнопазир аст. Агар мо гурезем, девҳо то хушк шудани устухонҳояшон ва то хомӯш шудани оташи хомӯшнашавандаашон моро таъқиб мекунанд. Онҳо моро ёфта мехӯранд. Зудтар аз ин ҷо рав. Ҳозир онҳо дар дашти зард, дар паси ағба ҳайкалҳои тиллоии худро бо сари одамҳои кушта хӯрдаашон муқаддас мегардонанд. Рӯз бегоҳ мешавад. Онҳо бояд баргарданд. Бирав. Фардо, вақте ки онҳо ба шикори одамон мебароянд, боз ба назди ман биё.
— Чаро дар юртҳои дигар инро ба ман нагуфтанд? Баръакс, ба ман таклиф карданд, ки ба хӯҷаинҳо мунтазир шавам...
— Онҳо мехостанд, ки девҳо туро хӯранд.
— Бигузор девҳо омада маро хӯранд, аммо ман аз пеши ту намеравам, — гӯён Хаймар-ӯгул дар паҳлуи духтар нишаст.
Духтар гирякунон зорӣ мекард, ки вай баромада равад. Дили ҷавон ба ӯ сӯхт.
— Хуб, — гуфт ӯ, — ман меравам, аммо ту маро то пеши теппа гусел кун.
Онҳо аз қаср баромада ба тарафи теппа рафтанд.
— Ту аспҳои онҳоро мешиносӣ? — гуфт Хаймар-ӯгул.
Духтар аспҳои чипори ситорадор, қизил, сиёҳтурук, саманд, алобуло, тӯрук ва кабуди девҳоро шинохт. Вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё