Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҳинӯ бо хандаи ширин меояд. Ва чаро барф, ин арӯси зеборо дӯст надорам?

Ҳар дарахт бо барфи бас зебо худро имрӯз чун арӯс оростааст. Мутрибон куҷоянд, ки базм оғоз гардад?

Ман аз омадани барф ҳама умр метарсидам. Меомад, охир ва сардӣ меовард. Ин бор аммо гармӣ овардааст. Ё ба хотири он Ёр дар сурати дигар омадааст? Оре, он Ёре, ки барфро дӯст медорад.

Он Ёр мегӯяд: «Ҳама хилъати сафед ба бар кардаанд. Оре, бо омади барф».
Мегӯяд, то дарёбад, ки ман ҳанӯз ҳам он духтараки хилъат-сафедро дӯст медорам ё не.
Ман оҳ намекашам, аммо ба дуриҳо менигараму мегӯям: «Кӣ ин барфро чун арӯс бас зебо оростааст? Фариштаҳо?».

Зебоӣ то дар сурати Ту наёмад, дӯсташ надоштам.

Пайвастан бо Ёр мушкил аст, ҷудоӣ аз Ӯ мушкилтар.

Омаду гуфт: «Хонаат бас сард аст». Ва рафт. Оҳ, пас ман дар ин ҳазор сол чаро сӯхтам?

Хушбахтам, туро дорам. Хушбахттар мебудам, агар туро намедоштам, - гуфт он Ёр.

Ҳазор сол пеш шоире, ошиқе зор ёре вафодор меҷуст ва мегуфт: «Агар ёри вафодор наёбам, сари қабри вафодорон мемирам».
Имрӯз мани дилхаста аз ҷустуҷӯи ин гуна як ёр қабри вафодоронро низ намеёбам.

пешина
аз 210
навбатӣ