Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Шом фаро мерасад. Ва боз як рӯз маро бо гиря тарк мегӯяд. Ва ин гоҳ Ту ба хотир мерасӣ, ки бо ханда таркам намудӣ.
Дер омадаему зуд меравем, - мегӯяд ба ман ин марди пир. Ва ман аз дер омадану зуд рафтани Ту, эй нозанин Ёрам, меандешаму мегирям. Оре, дар ин ҳол аз худ ҳеҷ ёд намеорам.
Ин барфро мебинам, ки чун арӯс бас зебо меояд. Ва ман омадани ӯро ин бор дӯст медорам. Аммо мабодо он Ту бошӣ?! Агар нашиносам, ба раҳгузорат чӣ гуна, охир, ҷонро нисор мекунам?
Хуш омадӣ, эй барф, эй арӯси зебо! Бад-ин омадан Ёри маро пеши назар овардӣ. Агарчи ҳазор сол пеш бо ҷавоне рафту дигар барнагашт, медонам, ин бор ба Ту гуфта, ки мисли Ӯ биёӣ ва ҳазор соли дигар ба омаданаш умедворам бисозӣ.
Дурӯғ аст ин, ки мегӯянд барф хонаҳоро сард месозад. Як бор, агар ӯро ба сурати як Ёр, як арӯси зебо бубинед, он гоҳ ба ин дурӯғ ҳеҷ бовар намекунед.
Модарам мегуфт: «Ту дар рӯзе ба дунё омадӣ, ки барф меборид».
Падарам мегуфт: «Ту дар рӯзе ба дунё омадӣ, ки зиндагӣ чун арӯс зебо менамуд».
Ва он Ёрам мегуфт: «Ман барфро дӯст медорам». Мегуфт, бе ин ки бидонад ман дар чӣ рӯзу чӣ фасл ба дунё омадаам.
Агарчи имрӯз рӯзи таваллуди ман нест, ман аз модару падару он Ёр ёд овардам. Оре, баски барф чун арӯси зебо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё