Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ба ранҷиш меравад ва дигар ҳеҷ намеояд. Ва агар нашканем, он аз сардӣ ба умеди ин ки онро мекушоем, мемирад.

Пас аз ин як ҳолати ногувор, эй дилсардтарин ёри зебои ҷаҳону бас дурафтода, ба Худо, ман Туро мефаҳмам ва мебахшам.

Кӣ аст маро садо мекунад? Ба гӯшам чун овози Ту мерасад. Омадаӣ, ки бигӯӣ: «Дӯстат намедорам?» Ва мепиндорӣ ман дар ин ҳазор сол бад-ин умед зистам?

Торҳои дуторамро гусастаанд. Дигар барои Ту онро наменавозам. Агарчи медонам дар ин ҳазор сол боре ба он гӯш наяндохтӣ.

Дигар овозам хаста аст ва ба он дуриҳо намерасад. Агар бевафоям мехонаду фаромӯшам месозад, ҳамаро ба хушнудӣ бояд бипазирам ва розӣ аз Ӯ бимирам.

Агар сар дар канори ҷонони худ ниҳодӣ, боре аз ин ошиқи саргаштаи худ, ки ҳазор сол аст барои Ту месӯзаду об аз дидагон мерезад, ёд ор. Бе ёди ӯ агар мепиндорӣ ҳама умр чунин масту маҳмур мемонӣ, боварам кун, ки хато мекунӣ. Аммо варо пеш аз марг аз даст медиҳӣ. Агар он гоҳ ба ёдаш ашк намерезӣ, боре оҳ мекашӣ, оҳи сард мекашӣ. Ва ин дархости як ошиқи саргашта барои он аст, ки Ту боре ҳам оҳ накашӣ, оҳи сард накашӣ.

Аз Худо сарват хостӣ, дил нахостӣ, дили зинда нахостӣ. Пиндоштӣ бо сарват ҳама чизро соҳиб мешавӣ. Ва соҳиб шудӣ, соҳиби ҳама чиз шудӣ, ба ҷуз дил, дили зинда.

пешина
аз 210
навбатӣ