Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Гулеро ин дам бибӯй. Агар гул намегӯяд, ки умрам кӯтоҳ аст, ба Худо, насими форам ин муждаро ба ту медиҳад.

Дерест, ки дил ба он Ёр додаам. Оҳ, чаро бар Ӯ тӯҳмат мезанам? Охир, он дилдор дили маро нахост ва дар раҳгузоре андохт.

Духтараке, ки маро дӯст медорад, намедонад дил ба ёре дигар додаам. Боре агар оҳи дили ӯ маро намегирад, сели ашкаш хонаамро мебарад.

Оҳ, агар он Ёр ба суроғи ман дар як рӯзи офтобӣ биёяд ва нишоне аз хонаам наёбад.

Мегӯӣ, эй духтарак, ки туро дил додаам. Ва мепиндорӣ ман дилро мешиносам? Охир, ҳазор сол пеш онро ба дилдоре додаам. Ва имрӯз на аз он хабар дорам, на аз Ёр.

Бигӯ, шаб зебост. Бигӯ, то ситораҳо осмони дунёро зинат бидиҳанд ва моҳ аз рухи офтоби ту шарм бидорад.

Орзу кардӣ, эй Ёр, ки ҳама дилдодагон дар соли нав ба васл бирасанд. Магар ман дар ин миён набудам?

Аз ту хушбахттар марде дар ин олам нест, — мегӯяд он Ёри зебои ман. Ва дармеёбам, ки маро дар шумори ошиқони худ наёварда.

Нақши қадами хушбахтиро аз пушти дари хонаи ман саҳар духтараки ҳамсоя рӯфт ва гуфт: «Музди ин як рӯфтанро бояд ҳамин ҳолӣ бидиҳӣ».

Ва ман ҳама дороиямро ба Ӯ бахшидам.

пешина
аз 210
навбатӣ