Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

месозӣ ва ҳама ҷурмашро мебахшӣ. Он гоҳ аз шодӣ мемирам. Ва Ту гумон мебарӣ, ки тоби сарзанишатро надоштам.

Дари дилро ба рӯи ҳама боз кардӣ, аммо ба рӯи ман пӯшидӣ. Ва умедворам низ насохтӣ, ки як рӯз онро мекушоӣ.
Оҳ, ба хотири Ту ҳама мардуми олам дари дилро ба рӯи ман мепӯшанд. Ва чаро Ту аз ин бехабарӣ?

Ҳазор сол бо ҳам будем у ҳамдигарро нашинохтем. Ва дар ин як рӯзи ҷудоӣ гӯё ҳамдигарро шинохтем. Ва Ту ба ин хотир ҷудоиро хостӣ?

Хонаам холист. Ва ман дарро ба рӯи ҳама мардуми олам бастаам. Медонам, охир, ки Ту намеоӣ.

Дари ҳама хонаҳоят оҳанин аст. Дари хонаи дилат низ.

Хушбахтӣ ҳама шаб номи Туро бар забон дошт. Чӣ хобе буд, ки аз он барои лаҳзае барнахӯстӣ?

Номаатро беш аз ҳазор бор хондаам. Ва чаро ту танҳо як нома навиштӣ? Ё дилат ба ин ошиқи зор сӯхт?

Дасти маро бигир! Барои Худо, дасти маро бигир! Ман наметавонам дар ин роҳ ҳатто гоме бе мадади Ту биниҳам. Кӯрам, кӯр, охир! Агар дастамро намегирӣ, пас чаро садоям кардӣ ва то бад-ин роҳ овардӣ? Ё хостӣ ба ҳоли кӯре бихандадӣ?
Магар дар ҳама зиндагӣ ба мани ошиқи зор нахандидӣ? Ва ошиқро Ту кӯр нахондӣ?

Мегӯӣ: «Даст аз ту бояд бидоранд ва ба ман вогузоранд». Медонам маро чӣ интизор аст, медонам. Аммо мехоҳам боре

пешина
аз 210
навбатӣ