Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Ва ҳам ин мардум ба ҳоламон хандиду ишқ аз мо ранҷиду.
Худоро шукр гуфтӣ, ки аз ҳам ҷудо шудем. Надонистӣ, ки ӯ моро пайваста буд. Ва чаро боре ин пайвастанро шукр нанмудӣ? Ё ҷудоиро мехостӣ?
Маро душман хондӣ, шукр! Дар дӯстӣ боре ба ёдам наёвардӣ, охир. Акнун аз душман чӣ гуна метавонӣ ёд наёрӣ?!
Ба сарзаниш гуфтӣ: «Пурдоной». Оҳ, кадом ошиқ, охир, доност? Ё маро аз ошиқонат нашумурдӣ?
Гуфтӣ: «Хушбахтам, ки Туро дорам». Ва пас аз рӯзе маро тарк намудӣ. Аммо дар ин ҳол ман худро бадбахт хондам.
Гуфтӣ: «Хушбахтам, ки Туро дорам». Ва ман бори аввал дар ҳама зиндагӣ аз худ бо Ту шод гаштам.
Мегӯӣ: «Ту маро душмани ҷонӣ». Оҳ, магар нишоне аз «ман» мондааст?
Хонаи ин бадбахти ошиқи Ту чароғ надорад. Ва чаро намехоҳӣ бо хаёли рӯи офтобат як дам бинишинад?
«Зиндагӣ зебост» мегӯяд Зиндагии ман. Мегӯяд ва баъд чашмони маро мебандад.
Мову Ту аз ҳам ҷудо шудем: Ту бо шодӣ, ман бо андӯҳ.
Дигар номаам манвис. Барои Худо, дигар номаам манвис. Охир, мепиндорам, ин ошиқи бадбахтро ба муждаи омаданат шод мекунӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё