Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Мегардонӣ. Охир, намехоҳӣ кӯдаконат дар поёни афсона ба ҳоли як ошиқи зор бигирянд.
Чӣ бигӯям, ки худро ба номи ман оростию ба коми дигарон.
Агар хандаҳои туро ёд наёвардам, чаро мегирям?
Беҳуда даъвӣ мекардам, ки ошиқонро мешиносам. То худ ошиқ нашудам, ин подшоҳони оламро дарнаёфтам. Аҷаб ин ки ин ҳақиқати зеборо ҳеҷ кас ба ҷуз онҳо намешиносад.
Ба ошиқони худ бигӯ: «Имшаб, як шаби бе моҳу ситора, бас дароз аст. Дарозтар аз ҳазор моҳ». Ва он гоҳ он шабро ба лутфи худ офтобӣ кун.
То дил ба моҳ надодам, офтобро нашнохтам.
Бо забон ҳазор бор мегуфтам, ки дӯстат медорам. Акнун, ки дарёфтам дӯстдорӣ чист ва дӯстат медорам, ба дил боре гуфта наметавонам, дӯстат медорам.
Барои Худо, аз Ӯ сухан магӯед. Онеро, ки ман дӯст медорам, агарчи чун офтоб аён аст, намебинед.
Оре, аз Ӯ сухан магӯед ва ба ҳолам маҳандед. Механдед, охир ва баъд ман ба ҳоли шумо бояд бигирям.
Мардум аз бепулӣ шикоят мекунанд, дар ҳоле аз бемеҳрӣ бояд биноланд.
Як рӯз бо ҳам будем, танҳо як рӯз. Ва чашми ҳама мардуми олам ба мо расид. Пас аз он барои умре аз ҳам ҷудо шудем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё