Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мегӯяд: "Агар дил ба ман додай, ёд надорам ва онро намешиносам". Оҳ, инро пас аз ҳазор сол мегӯяд ва мепиндорад, ки ман он дилро аз миёни ду ҳазор дил мешиносам.

Имшаб он моҳ рух намуд. Дар ҳоле ки интизор доштам офтоб тулуъ мекунад.

Ба тақлиди кӯре дар ин роҳи рост чиҳил гом ниҳодам. Оҳ, агар пас аз ҳазор сол Ӯ ба ман бигӯяд: Ҳама умр кӯрона гом задӣ, чун боре ба суроғи муҳаббат аз хона набаромадӣ.

Дар ин бозор ду ҳазор дили мурда оварданд ва ман аз он қимати як дили зиндаро дарёфтам.

Кӣ ба ин забон амр кард, ки бигӯям: «Ман Туро дӯст медорам». Магар на Ту? Пас чаро мегӯӣ: «Бад-ин даъвӣ дигар аз дӯстдорон нестӣ».

Ба Худо, ҳамаро мехонию менавозӣ, аммо ошиқонро ба хорӣ меронӣ. Ё ин то замонест, ки дил ба Ту медиҳанд?

Дигар ин дил ба фарёд хоҳад гуфт: «Ман Туро дӯст медорам».

Оҳ, агар аз ҳама олам ин садо бархезад ва Ту гӯш бадон надиҳӣ.

Ӯ бо хандаи бас зебо гуфт: «Аз чӣ боре намегӯӣ, ки дӯстат медорам?» Ва ман аз ҳазор соли зиндагии худ шарм доштам.

Эй духтараке, ки роҳи хонаи маро мерӯбӣ, аз чӣ ба ин дурӯғ шодам намесозӣ, ки нақши қадами Ӯро дар як рӯзи муборак дидай?

пешина
аз 210
навбатӣ