Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Вазирзода гуфт:
-- Ин хел бошад, ман худам рафта галаву рамаро хабар гирифта меоям:
Водареғ розӣ шуду сураташро дода, ба шавҳараш гуфт, ки чӯпонҳо, галабонҳо ҳама муштоқи дидори ваянд, сураташро бинанд шодком мешаванд. Баъд таъин кард:
-- Дар ҳама ҷо талабгорони ман ҳастанд, баъзеашон бисёр зӯр, суратро эҳтиёт куну гум накун, ки ба дасти ягон зӯр афтад, дар ақиби сурат акси роҳи мулки маро мебинанду омада туро мекушаду маро гирифта мебарад. Ин гапро сахт ба гӯшат гир.
Вазирзода хуб гуфта, хотирҷамъ шуд, вақти бозгашт дар лаби як дарё сару либосашро кашида, сурати Водареғро дар байнаш монду оббозӣ кард. Ҳамин вақт чангу шамоли сахт бархоста либоси вазирзодаро чаппа карда, сурати Водареғро бурда ба дарё партофт. Вазирзода «мани нодон чӣ кор кардам?! Бахтамро аз даст додам!» аз карда пушаймон шуду аспашро савор шуда, пеши занаш баргашта, воқеаро гуфта дод. Водареғ гуфт:
-- Сад афсӯс, ҳам ба худат зарар овардию ҳам ба ман. Бо гуноҳи ту моро аз якдигар ҷудо мекунанд, чунки ту таъиноти маро аз хотир баровардӣ.
Акнун воқеаро аз сурати Водареғ гап мезанем: талабгорони Водареғ ба умеди он ки шояд ӯро дошта гиранд, ҳам дар рӯи замину ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё