Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Даруни баҳру дарё дом монда буданд. Вақте ки сурати Водарегро шамол ба дарё андохт, рафта ба тӯри подшоҳи Кулзум афтод. Подшоҳ суратро гирифта дар ақибаш хариӯ роҳи мулки Водарегро диду ба тарафи ин мулк лашкар кашид.

Як саҳарӣ Водарег нигоҳ кард, ки гирду атрофро муру малах барин аскар зер кардааст. Водарег хафа шуду рафта дар болои сари шавҳараш гиря карда нишаст, оби чашмаш ба рӯи вазирзода чакиду як қад парида бедор шуд. Водарег воқеаро гуфта дод. Вазирзода баромада дид, ки дар ҳақиқат чор тарафро аскар зер кардааст. Зану шавҳар сару абзор карда ба ҷанг баромаданд, чунон ҷангиданд, ки аз ҷасади мурдагон чанд теппа пайдо гардиду аз хунашон дарё ҷорӣ шуд. Бисёр ҷангиданд онҳо ва мондаю бемадор шуданд. Душманон ба вазирзода ҳуҷум карда зада қалам-қалам карданду Водарегро дастгир карда, гирифта рафтанд. Вазирзода оғуштаи хуну хок нисфи шаб ба ҳуш омад, ки дар байни мурдаҳо хоб аст. Хост бихезад, мадори ҷунбидан надошт. Дар ҳамин ҳолат хобаш бурд ва як мӯйсафеди нуронӣ ба хобаш даромад:

— Ҳеҷ гап не писарам, хезеду аз паи Водарег шавед, — гуфтанду бадани вазирзодаро сила карданд, ки ӯ аз пештара ҳам тару тозатар шуда аз ҷой хест. Хесту ҷомаи қаландарӣ пӯшида ба мамлакати Кулзум рафт.

пешина
аз 44
навбатӣ