Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Охир, ки нашуд, Водарғ гуфт:
-- Китобчаи бобокалонам занад, ки ман ба ту зарар намеронам.

Вазирбача хесту кокулони Водарғро кушод. Водарғ гуфт:
-- Як мулло гирифта биёр то моро никоҳ кунад.

Вазирбача муллоро гирифта омад, мулло хутба хонда онҳоро никоҳ кард. Ба мулло як табақ тилло доданд, қабул накарда гуфт:
-- Ба ман пул даркор не!

-- Ба шумо чӣ лозим, гӯед! -- гуфт вазирзода. Мулло гуфт:
-- Ба ман пулу мол не, маликаи Водарғ як маротиба ҷамолашро нишон диҳад бас.

Ин хабарро ба Водарғ расониданд. Водарғ ҳам ҳафт қабат парда кашида аз паси ҳафт парда рӯяшро ба мулло нишон дода буд, ки мулло аз ҳуш рафт. Баъди чанд вақт ба худ омада гуфт:
-- Ман ба мақсадам расидам. Хушбахт шавед!

Аз байн як моҳ гузашт. Водарғ бо шавҳараш хурсанд зиндагӣ карда гаштанд. Як рӯз Водарғ гуфт:
-- Ба ман иҷозат деҳ, галаю рамаҳои дар роҳ дидагиатро хабар гирифта биёям, агар ҳар чил рӯз якбор наравам, ҳамааш паҳну пароканда мешавад.

пешина
аз 44
навбатӣ