Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АдабиётАфсона
Аз аввал хондан

-- Духтари маро бигир, тахти подшоҳӣ ҳам аз они ту, - гуфт.
Вазирзода гуфт:
-- Бигзор духтари туро бародарам гирад.
Вазирзода ба подшоҳ рӯ оварда гуфт:
-- Ман мушкиле дорам, падарам барои ман духтари подшоҳи мамлакатро хостгорӣ кард. Подшоҳ магар нахост, ки маҳри зиёд талаб кард. Ҳазор уштури сафеду ҳазор гӯсфанди сиёҳ, ҳазор барраи ширбозу ҳазор гови зотӣ, ҳазор оҳу бо оҳубарраҳо, ҳазор аспи нару ҳазор гургу шоҳингу байтал. Агар ман дархости подшоҳро муҳайё накунам, падарам назди подшоҳу мардум беобрӯ мешавад.

Подшоҳи Миср суханони вазирзодаро шунида гуфт:
-- Ҷамъ кардани ин қадар молу ҷондор осон нест, лекин Миср нисфи олам, ин ҷо ин корро метавон кард.

Подшоҳ фармуд, ки сар то сари мамлакат гарданду он чӣ ба вазирзода лозим аст, ҷамъ оваранд. Надимону аскарони подшоҳ аз паи кор шуда фармони подшоҳро иҷро карда ҳазор уштури сафеду ҳазор гӯсфанди сиёҳ, ҳазор аспи наринаву гургу шоҳингу байталро ба мамлакати писари вазир ронда бурданд, тамоми мамлакатро чорвои майдаю калону гургу шоҳин пур кард. Одамон ҳайрон шуданд.

пешина
аз 44
навбатӣ