Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Каманд баст, вазирзода аз боло онҳоро кашида гирифт.

Одамизод шири хомхӯрдааст. Баъзан ҳирси молу ҳиссиёти худбинӣ ақлашро хира мекунад. Ба сари писари вазир дар як он фикре омад, ки сандуқро бо чизу чорааш гирифта раваду сиёҳпӯшро аз чоҳ накашад. Бою бадавлат, ки шуд ҳар чизе, ки дилаш хоҳад ба даст биоварад. Баъд худ ба худ гуфт: «Эй вазирбача. Ба ҳамин дунё омада акнун якто ҷӯраи ҳақиқӣ пайдо кардӣ, барои молу мулки дунё шуда ҳамин хел ҷӯраро партофта рафтан магар аз рӯи инсофу мардӣ аст?!». Ҳаминро аз фикраш гузаронду камандро партофта Водарегро кашида баровард.

Водарёг баромада калиди сандуқро ба вазирзода доду гуфт:

-- Ҳар чизе, ки дар сандуқ ҳаст аз они ту.

Сипас ба роҳ даромаданд, ба наздикии шаҳри Миср рафта ҷодар заданду одам фиристода ба подшоҳ хабар доданд, ки духтарат ёфт шуда омад. Подшоҳ шод шуда ба истиқболашон баромад.

Баъд ба хурсандии ёфт шудани фарзанди ба ҷону дил баробараш ҳафт шабу ҳафт рӯз тӯй дод: Ҳафт шабу ҳафт рӯз дар ягон хонадон дег наҷӯшид, аз ҳафт то ҳафтодсола ҳафт шабу ҳафт рӯз аз деги подшоҳ ош хӯрданд.

Баъд подшоҳ аз Водарёг хоҳиш кард, ки домоди ӯ шавад.

пешина
аз 44
навбатӣ