Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман ба мурдаи дев не, акнун аҳволи ман чӣ мешавад, гуфта гиря карда истодаам.

Водареғ калларо аз ришаш дошта чунон ҳаво дод, ки аз чашм ноаён шуда, баъди чанд вақт ба замин афтоду ба ҳафт қабати замин даромада рафт. Ҳамон замон аз ҷои даромада рафтаи сари дев панҷсад дев баромад. Водареғ ба духтар гуфт:

— Ту ҳолоҳо ба он баландӣ баромада шин, ман бо ин девҳо ҷангида онҳоро нест карда баъд ба пешат меоям.

Водареғ шамшерро бараҳна карда бо девҳо ҷангида, ҳамаашро якта намонда зада афтонд.

— Боз яктогӣ зан, ки ҷонамон тамоман барояд! — гуфтанд девҳо.

Водареғ боз яктогӣ зада буд, ки девҳо ҷон гирифта боз ба ҷанг даромаданд. Ҳамин хел ҷанг то бевақтии шаб давом кард. Аксари девҳо кушта шуданд, лекин даҳ-понздаҳ зӯраш зинда монд:

Саҳар Водареғ аз хобаш хеста боз ҷанг сар кард ва он даҳ-понздаҳ деви зинда мондаро зада афтонд. Девҳо гуфтанд:

— Боз як бори дигар зан, ки ҷонамон якбора барояд.

Водареғ гуфт:

— Кӯр асояшро як бор гум мекунад.

Водареғ Райҳонбибиро бо ҳамаи хазинаю дафинаи дев ба як сандуқи калон андохта ба

пешина
аз 44
навбатӣ