Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

-- Ҳазор сӯхтаму пухтам гӯям ҳам гӯш накарда, расанро то охираш сар деҳ.

Водарёг ба чоҳ даромад. Ҳамин ки ба нисфи чоҳ расид, доду вояш баромад, вазирзода гӯш накарда камандро сар додан гирифт. Водарёг ба таги чоҳ расида, дид, ки як ҷӯйи об равон асту як қалъаи сар ба фалак кашидагӣ, на дар дораду на сурох.

Лаҳзае назди оби равон нишаста, дасту рӯяшро шусту гирди қалъаро гашта баромад, ки дар як тахтасанг бо ким-чӣ хел хат ким чӣ навишта шудааст. Хатро хонда буд, ки раъду барк барин садое баромаду аз як тараф шақаррас зада дарвозаи сангин кушода шуд. Ба даруни қаср даромад, ки як паризод болои тахт ҳамон каллаи ришаш садвачабаро ба бағал гирифта гиря карда нишастааст. Водарёг даромада ин ҳодисаро дида ҳайрон шуда пурсид:

-- Ту кистӣ, инсӣ, ҷинсӣ, парии, паризодӣ? Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Дар бағалат каллаи кӣ?

Духтар гуфт:

-- Ман духтари подшоҳи Мисрам. Номам Райҳонбибӣ. Дар ҳафтсолагиam ҳамин дев маро дуздида инҷо оварда буд, ҳозир ба чордах даромадаам, то ҳамин вақт ҳамин дев ба ман нигоҳубин мекард, либос меовард, хӯрок меовард. Касе сари ӯро аз тан ҷудо кардааст.

пешина
аз 44
навбатӣ