Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Мардум ин қадар гургро дида ба воҳима афтода дари ҳавлию хонаҳояшонро маҳкам карданд. Подшоҳ ин ҳолро дида даставвал гаранг шуду баъд худро ба даст гирифта ба вазир фармуд, ки тӯйро сар кунад.
Ҳамин ки тӯй охир шуд, вақти пеши арӯс даромадани вазирзода расид. Водареғ бо дӯсташ хайрухуш карду ба ӯ як кордча тақдим карда гуфт:
-- Инро гум накун ва ҳар гаҳ ки дидӣ, Водареғ гӯю маро ба хотир биёвар.
Вазирзода гуфт:
-- Ман мехоҳам, ки назди ман нишонае аз ту нею худат бимонӣ. Мо бародарони ҷонӣ шудем, ман наметавонам бе ту бошам.
Водареғ гуфт:
-- Ман ватан дорам, рӯзгор дорам, маро интизоранд.
Вазирзода дид, ки азми Водареғ қатъист, бо ӯ гарму ҷӯшон хайрухуш карда кордчаро ба соқи мӯзааш андохт, то ки вақти кашидану пӯшидани мӯза, яъне ҳар рӯз ду-се бор бародари паҳлавонаш ба ёдаш расад.
Ҳар рӯз мӯзаашро кашидан замон, Водареғ гуфта мемонд. Арӯсаш, духтари подшоҳ ин номро шунида гуфт:
-- Водареғ гуфтед? Медонед Водареғ кист? Аз рӯи шунидам, паридухтари баҳодурест, ки кору бораш кӯтоҳ кардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё