Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Подшоҳ баъди ин маҳри духтарашро гуфт: ҳазор шутури сафед, ҳазор гӯсфанди сиёҳ, ҳазор барраи ширбоз, ҳазор гови зотии гӯсоладор, ҳазор оҳубарра, ҳазор байтал, ҳазор гургу ҳазор шоҳин. Аз атласу шоҳию кимхоб ҳазор либосӣ.

Вазир ин ҳазор-ҳазорҳоро шунида ғамгину маъюс ба хонааш баргашт. Писараш падарашро дар ин ҳол дида, сабаб пурсид. Вазир гуфт:

-- Писарам, барои подшоҳон дӯстӣ бо касоне, ки аз онҳо камтаранд эътиборе надоштааст. Ман имрӯз бори дигар донистам, ки ин ҳақиқати маҳз аст. Баъд вазир ҷавоби подшоҳро ба писараш як-як гуфта дод.

Вазирзодаро ба ҳоли падар раҳмаш омаду гуфт:

-- «Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад». Инро гуфта худашро ба сурати қаландар карду шамшеру шашпар, гурзу сипар гирифта аз мамлакат баромада рафт.

Даҳ шабу даҳ рӯз роҳ рафт, дар дуроҳае ба қадом раҳ рафтанашро надониста хаёл карда истода буд, ки саворе бо аспи сиёҳу сару либоси сиёҳ ба сари дуроҳа омад. Ҳар дуяшон салому алайк карданд.

Вазирзода ба рӯю чашму абрувони ҷавон, ба каду қомати ӯ нигариста, қариб буд, ки аз ҳуш равад. Чашмони шаҳло, миҷгонҳои дароз, абрӯвони тобон, рухсораҳои чун себ

пешина
аз 44
навбатӣ