Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
— Армони дили ман, — гуфт вазир, — қудо шудан бо подшоҳ аст. Мехоҳам ба подшоҳ ин хабарро расонам.
Писараш гуфт:
— Ман ҳанӯз ҷавон бошам ҳам, дидаам ва шунидаам, ки подшоҳон духтарашонро фақат ба шоҳзодагон медиҳанд, надидам ва нашунидаам, ки подшоҳе ба вазирзода духтар дода бошад.
— Аз ин ҷиҳат, — гуфт вазир, — хотири ман ҷамъ. Мо бо подшоҳ дӯстони деринем, боварӣ дорам, подшоҳ хоҳиши маро рад намекунад.
Хулоса, вазир ба подшоҳ муддаои дилашро гуфт:
Подшоҳ суханони вазирро шунида, сар хам карду ба хаёл рафт. Ба хаёл рафту фикр кард, ки «кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз» гуфтаанд. Ман подшоҳам, магар вазирзода сазовор аст, ки домоди ман бошад? Лекин мо бо вазир дӯстони деринем, боре нашудааст, ки ӯ маро ранҷонда бошад, агар ҷавоби рад диҳам, сахт малол мешавад, коре бояд кунам, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Ҳаминро фикр карду ба вазир гуфт:
— Дӯсти азиз, ман подшоҳам ва лозим аст, ки барои духтарам мувофиқи мартабаам маҳр (қабин) гирам, то нагӯянд, ки духтари подшоҳ магар нуқсе ё айбе доштааст, ки падараш бароиш маҳр нагирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё