Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чизҳои қиматбаҳоямро ғорат карда аз қафои мо омадӣ! Ту инсоф дорӣ ё не?

— Эй хӯҷаин, мебинам, ки хафа шудаед, — гуфт кал.

Бой худдорӣ карда натавониста, боз ҳам баландтар фарёд зад:

— Баъди ҳамаи ин номаъқулии ту ман хафа нашавам, кӣ хафа мешавад?!

— Ана шартро бой додед! — гуфт кал, кордро аз миёнаш кашида, гӯшу бинии бойро бурида партофт, ҳамин хел кал аз бой интиқоми акаҳояшро гирифта, ба муроду мақсадаш расид.

ВОДАРЕҒ

Буд, набуд, як замоне дар як макон як подшоҳ буду як вазир. Зани ҳар ду вазнин (ҳомиладор) буданд. Вақту соаташ расиду зани подшоҳ духтар зоид. Зани вазир писар.

Духтару писар ҳарду ба воя расиданд.

Як рӯз вазир писари ҷавонашро ба пешаш шинонду гуфт:

— Ҷигарбандам, шукри Парвардигор ба синни балоғат расидӣ, дил мехоҳад ба ту зан гирифта диҳаму тӯю тамошоятро бинем.

Писараш гуфт:

— Эй падари бузургвор, агар орзуи шумо ҳамин бошад, магар ман метавонам не гӯям.

пешина
аз 44
навбатӣ