Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Кал ҳамин хел ҳар рӯз гандуми бойро мерехт, юғу сипорашро мешикаст, барзаговҳояшро мекушт. Бой дид, ки хонахароб шуда истодааст, ба занаш гуфт:
-- Ин кал ҳама чизҳои моро нобуд кард. Тоқати ман тоқ шуда истодааст, хафа шуданам маълум мешаваду гӯшу биниямро мебурад, ягона роҳи халосӣ аз дасти ӯ гурехта рафтан аст.
Занаш маслиҳати ӯро маъқул донист. Аввали шаб бою занаш бору бандашонро тайёр карда, чизҳои қиматбаҳояшонро дар як сандуқ андохтанду охири шаб гурехта рафтани шуда хоб карданд.
Хобашон, ки бурд, кали ҳушёру зирак чизҳои қиматбаҳои сандуқро бароварда, дар як ҷо пинҳон карду худаш ба даруни сандуқ даромада, хоб кард.
Бою занаш нимишабӣ хеста сандуқашонро гирифта роҳи гурезро пеш гирифтанд. Рафтанд, рафтанд, аз хонаашон хеле дур рафтанд, монда шуданд. Дар як ҷои сояву салқин истоданд то дам гиранду баъд роҳашонро давом диҳанд.
Бой ба занаш гуфт:
-- Чой ҷӯшон, ягон чиз хӯрем.
-- Кал мешуд, ҳезум меовард, - гуфт занаш.
Кал ин гапро шунида, аз даруни сандуқ овоз баровард:
-- Ман дар ин ҷо, ба хиҙмататон тайёр!
Бой аз ин дар ғазаб шуда фарёд зад:
-- Эй кали лаънатӣ, як анбор ғаллаамро як дон намонда несту нобуд кардӣ, боз як сандуқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё