Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Сурх, рӯи дурахшонаш вазирзодаро дар ҳайрат афканд.
Сиёҳпӯш гуфт:
-- Эй бародар, аз куҷо меоию ба куҷо меравӣ?
-- Ман аз фалон ҷо омадам, ба ҳамин дуроҳа расида, ба кадом тараф рафтанамро надониста ҳайрон мондам.
-- Ту ба кадом мақсад азми сафар кардаӣ? - боз пурсид ҷавони сиёҳпӯш.
Вазирзода саргузашташро гуфта дод:
-- Эй бародар, дар дунё мард барои зан шуда худашро ба кӯи сарсонӣ мезанад магар? Марди ҳақиқӣ аввал худашро дар майдон нишон медиҳад. Ман ба ҷанг рафта истодаам, мехоҳам лашкари подшоҳеро торумор кунам, ки кору бораш талаву тороҷи мулкҳои дигар аст. Аз як кас дида ду кас будан беҳ, агар хоҳӣ, ба ман ҳамроҳ шав.
Писари вазир қабул кард. Се шабу се рӯз роҳ гашта, як бегоҳ ба канори шаҳре расида аз асп фаромаданду ҷодар зада суҳбат карда нишастанд. Рӯз шуда буд, ки сиёҳпӯш карнай навохта табли ҷанг зад.
Подшоҳи мамлакат баромада дид, ки ду паҳлавон талаби ҷанг доранд, зиддашон лашкар кашид.
Ин сиёҳпӯш Водареғ ном паридухтар буд, овозаи зебоияш саросари олам паҳн шуда садҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё