Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Майда карда ба ҳар бор карда ба хонаи ҳуҷаинаш омад. Бой баромада пурсид:
-- Хайр монда нашудӣ? Хафа нашудӣ?
Ҷавон баъди ин қадар кори вазнин бисёр монда шуда буд. Вале шартро ба хотир оварда:
-- Не, монда нашудаам, хафа нашудаам, - гуфт.
Рӯзи дигар ҳам бой ӯро барвақт бедор карда, ҳамон корҳоро фармуд. Ҷавон фармудаҳои ӯро базӯр иҷро карда аввали шаб баргашт. Чанд рӯз аҳвол ҳамин буд. Меҳнати вазнину миёншикан ҷавонро бемадору беҳол кард.
Як рӯз бевақт шуду вай ҳезум карда натавонист, маъюсу ғамгин баргашт. Бой баромада дид, ки ҳезум нест дар ғазаб шуда пурсид:
-- Барои чӣ ҳезум наовардӣ?
-- Бевақт шуд, ҳезум карда натавонистам.
Бой ӯро хеле дашном доду баъд пурсид:
-- Хафа шудӣ?
Косаи сабри ҷавон лабрез шуда буд, вай дигар тоқат карда натавониста гуфт:
-- Ба ин азоб чӣ қадар тоқат кардан мумкин аст, ту золим будай!
Бой шодикунон гуфт:
-- А, ту хафа шудӣ, шартро бой додӣ! – гуфта, дарҳол гӯшу бинии ӯро бурида, бароварда пеш кард. Ҷавон бо гӯшу бинии бурида ба хонааш омад. Кампир ӯро ба ин ҳол дида доду фиғонааш ба осмон печид.
Ҷавон воқеаи шудагиро ба бародаронаш гуфта дод. Писари миёна дар ғазаб шуда гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё