Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
-- Ту аз танбалӣ ба ин ҳол афтодай, ман ба ҷои ту рафта хизмат мекунам, шартҳои бойро иҷро карда аз ӯ пули зиёд мерӯёнам.
Вай хеста ба хонаи бой равон шуд. Ба хонаи бой расида дари ӯро тақ-тақ кард. Бой баромада пурсид.
-- Ба ман чӣ кор дорӣ?
Писарак гуфт:
-- Ман омадам, ки ба ҷои акаам ба шумо хизмат кунам.
Бой дар пеши ӯ низ ҳамон шартро монд. Писарак қабул кард. Вай ҳам ҳар рӯз ба хар гандум, ба барзаговон юғу сипорро бор карда ба сари замини бой равон мешуд. Ҷуфт меронд, дон мепошид ва бегоҳӣ як хар хезум карда бармегашт. Чанд вақт ҳамин хел давом кард. Рӯзе ҷавон беҳад монда шуда хезум карда натавонисту ба хонаи бой бе хезум омад.
Бой баромада дид, ки хизматгор хезум наовардааст, норозӣ шуда гуфт:
-- Барои чӣ бе хезум омадӣ?
Ҷавон дар ҷавоб гуфт:
-- Монда шудам.
Бой дар ғазаб шуда, ӯро хеле ҳақорат доду пурсид:
-- Хафа шудӣ?
Тоқати ин ҷавон низ тоқ шуда буд, вай дигар сабр карда натавониста гуфт:
-- Албатта, кас аз ин зулму таҳқир хафа мешавад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё