Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

-- Ба ту чӣ даркор?
Ҷавон гуфт:
-- Ман мардикор ҳастам.
Бой пурсид:
-- Ҷуфт ронда метавонӣ?
-- Метавонам. - ҷавоб дод ҷавон.
Бой ҷавонро ба хонааш дароварда гуфт:
-- Хуб, ман туро мардикор мегирам, вале як шарт дорам, агар қабул кунӣ молу пули зиёд медиҳам, агар қабул накунӣ, ба роҳаат рав.
Ҷавон гуфт:
-- Шартатонро гӯед.
Бой гуфт:
-- Ман ҳар чӣ фармоям, мекунию хафа намешавӣ, намеранчӣ! Агар хафа шавӣ гӯшу биниатро мебурам, агар ман аз ту бо сабабе хафа шавам, ту гӯшу бинии маро мебурӣ.

Ҷавон каме фикр карду розӣ шуд. Шаб хоб карду рӯзи дигар бой саҳарии барвақт ӯро аз хоби ширин бедор карда, якто нон дода гуфт:
-- Хез кор кун!
Ҷавон хест, бо фармоиши бой ба як хар гандум, ба барзаговҳо юғу сипорро бор карда ба саҳро рафта истода буд, ки бой гуфт:
-- Ҳамин рӯз ҳамаи гандумро ба замин мепошӣ, баъд як хар ҳезум карда гирифта меорӣ!

Ҷавон хуб гуфту рафт. Вай боқуввату меҳнатдӯст буд, дар як рӯз заминро ҷуфт кард, гандум пошид, ба кӯҳ баромада ҳезум заду

пешина
аз 44
навбатӣ