Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Эраҷ гуфт:
-- Он чӣ ба ман лозим аст, дар ту ҳаст ва он аз они ман мешавад.
Дев барошуфт ва ба ӯ ҳуҷум кард. Эраҷ бо як зарб найзаи ӯро кашида гирифта, ба замин партофт. Дев хост бо гурз ба сари Эраҷ бизанад, ки Эраҷ худро канор кашид. Гурзи дев, ки агар ба кӯҳ мезад, кӯҳ садпора мешуд, ба замин даромада рафт.
-- Акнун навбати ман! - гуфт Эраҷ ва аспашро ба пеш ронд.
Ду пои пеши аспи ӯ ба китфи фили дев баробар шуд. Пас, бо шамшери аз пирамард инъом гирифтааш ба сари Ҳингил чунон зарба зад, ки вай ба замин афтоду дигар аз ҷояш нахест.
Инро дида лашкари одамизод табли шодӣ заданд ва ба лашкари дев ҳамла оварданд. Як идда девҳо кушта шуданд, иддаи дигар асир афтоданд.
Акнун қалъаи девҳоро забт кардан лозим буд.
Сардори лашкари одамизод Фирӯзи далер фармон дод:
-- Ҳуҷум ба қалъа!
Ин замон аз тарафи қалъаи сиёҳи девон оташу санги беҳисобе ба сари лашкари одамизод борид. Лашкари одамизод наметавонист пеш равад. Зери оташи пурдуд олам торик шуд, касе касеро намедид. Аз ин ҳол лашкари одамизод ба таҳлука афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё