Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

медиҳад.
— Э, ба падараш раҳмат, худо хайре диҳад! Ин тавр
гуфта бошад, сабӯс барин вазнин шаву ба гапаш гӯш кун,
гуфтагист? А?.. Рав, ана, вай халтаро гиру динамит бардор.
— Чӣ, метарконем? Канӣ шурф?
— Ҳа, хаёлат аввал чодир занему баъдан тарконем? А?
Ту мегурезию панаҳ мешавӣ, чодир чӣ мешавад? Э-э, ҳаминро
нафаҳмӣ, дигар ман ба ту чӣ ҳам гӯям!
— Ҳа-а, фаҳмидам. Устоди бузургворам!
— Э, қандата зан! Ҳамин қадар ақлу фаҳм доштӣ-ку!
Аммо шурфи тайёр нест, шурфро бояд худат канӣ, — саркор
бо ҳамин хел суханони кинояомез ҳазл карданро дӯст дошт.
Баъд вай як байт шеъри бемазмуни аз даҳони кадом як
ҳофизи безавқ шунидаашро бо оҳангаш зери лаб замзама
карда асбоби инфиҷорро ҳозир сохт:
Қандата зан, қандата,
Иҷро кардӣ қавлата!
Ман зину абзори аспҳоро гирифта мондаму ба роҳ даромадам.
— Ба ман нигар, ҳу-у, санги сиёҳа дидӣ? Ана, ба қафои
ҳамон санг гузаронда ишкел зану... не-не ишкел назан, саманда ба арғамчин банд, сафед мегардад, ба ҳеҷ ҷо намеравад,
— асбоби таркондан ва динамитро ба борхалтаи сафарӣ ҷой
карду ба ман таъинот дод ӯ.
— Ишкел кунам, нағз не? — пурсидам ман озодтар чаридани аспро андешида.
— Гапро пур накун...
Ин одамро ҳаргиз фаҳмида намешавад: гоҳе худ аз худ
димоғаш сӯхтагӣ, маслиҳат пурсед ҳам, дӯғу дабара мекунад,
гоҳе ҷинаш мегурезаду бирешим барин маҳин мегардад. Ас-

пешина
аз 192
навбатӣ