Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Ҳозир хирс гашта ояд-чӣ?.. Ман ҷонам сер шудагем не...
– Э-э... нокас... – гуфт Рашид чӣ гуфтанашро надониста.
Баъд худ ба худ бо шаст даст афшонду набзи Ҳусейнро монда дили ӯро ба молиш додан сар кард.
Баъди панҷ-шаш дақиқа Ҳусейн чашмашро кушоду Рашид куртаи танашро дарронда бо андаке чағбути сӯхтагӣ ҷароҳати ӯро баст.
– Хайрият шуд, – гуфт дар охир ба рӯи бехуни Ҳусейн нигариста. – Сарата набардор, сарат лат хӯрдагӣ, – ҳаракати ӯро манъ кард Рашид. – Поята ҳам наҷунбон, мӯл хун меравад...
Аз берун аллакай рӯшноӣ медаромад ва сояи ҳаракати одамон гуфтугӯҳо мушаххас ва аниқ мегаштанд. Аз афти кор, бо ташу мисрону каланд даҳ-дувоздаҳ тан аз наздикони Ҳусейн ва Рашид бо шиддати тамом кор мекарданд. Рашид овози гирифтаи падарашро шунида, ба чашмаш об гирифт.
– Рашид, ҳой, Рашид, хирс дигар гашта намеояд?.. А? – Самеъ аз камари боло майли фуромадан дошт.
– Натарс... Вай аз бӯи ту баринҳо безор аст.
Сонӣ аз роғи сангҳо ба ғори тира аввалин риштаҳои нури офтоб даромаду Рашид беҳолона дар паҳлуи Ҳусейн ба санг такя зад. Рӯшноӣ гӯё теғе буду чашми ӯро мебурид. Вай ҳарчанд зӯр мезад, чашмашро кушода наметавонист. Ҳусейн, ки дар паҳлуи вай дароз афтода мехобиду музтарибона менолид, ба сахтӣ дасташро бардошта рӯи пилки чашмонаш гузошт.
– Эҳ... ба берун мебарояму... – ба сухан даромад Самеъ, вале Рашид ҳамоно нутқи ӯро бурид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё