Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
хост, вале боз ба дил андешид, ки бо ин бетавфиқ, баробар
шудан, ситеза доштан беҳосил аст. Бинобар он, гуфт:
– Ман наздик рафта хишир-хиширашро шунидам. Байнамон як хамгашт монд. Аз вай гузарам, хирс мебинад... Гумонат вай бачаша куштагимона намефаҳмад? Ҳамаша мефаҳмад. Аввал, бедор гашта, бачаша мековад. Аз бӯи хун мефаҳмад... Аз даҳани ману ту ҳам бӯи бачаи вай меояд... агар ту
дилу гурдаи рӯбарӯшавӣ дошта бошӣ, рафта салому алек карда биё... Мо ба пешвозат аз ҷоямон хеста таъзиму такрим
мекунем-дия.
Ин дам садои хирс бараъло ба гӯш расиду ҳас се як қад
париданд. Сонӣ Самеъ пешопеш, Ҳусейн аз думболи вай ба
шах часпида, нӯги пойҳояшонро ба роғҳои санг дароварда,
зина-зина ба камари боло баромаданд. Дар миёни яке шоф,
дар камари дигаре дос овезон буд. Самеъ дар пешгоҳи камар
ҷо гирифт, вале Ҳусейн дар қафои вай ба монанди фароштуруке, ки ба девор часпидаст, ноҳинҷор меистод.
Рашид ҷинчароғи дигареро аз чароғи таҳи дар оташ
гиронду ба даруни “Кӯррӯда” даромад.
Хирс дам ба дам бо фиғон меғуррид, вале ҳеҷ берун
намеомад.
Се тан ҳайрон буданд, ки чаро вай берун намеояд. Дар
ин хусус ҳар кадоме чандин тахмину гумон доштанд, вале
гуфтугузоршон ҳоло гӯшакӣ ва бо забони имову ишора
маҳдуд буд.
Оқибат аз раҳнигарӣ тоқаташон тоқ гашту бо овози паст
ба гуфтугӯ сар карданд. Чашми Самеъ ба ҷинчароғи таҳи дар
афтоду ба якборагӣ шӯрид:
– Ҳой, Ғирғирак, дар таҳи дар ба арвоҳи додот чироғ
мондӣ? – бо ғазаб лаб газиду дастаи шофашро сахт фишурд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё