Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бед, хирса бедор мекунем, – ногаҳон пешниҳод кард Самеъ. – Тезтар мора аз ин зиндон халос кунад.
– Мон, вақташ расид, худаш бедор мешавад, – эътироз кард Рашид.
– Э, ба майли ту монад... – асабонӣ даст афшонд Самеъ.
– Ҷимакак шин! Беиғвогарӣ...
– Ба даҳанат нигоҳ карда гап зан, – гуфт Рашид аз сухани ӯ озурдахотир.
– Ба даҳанам нигоҳ накарда гап занам-чӣ? – чашмонашро калон карда ҷангталобона ба вай рӯ овард Самеъ. – Чӣ кор мекунӣ?! Мезанам, мемурӣ. Мегӯям, ки хирс кушт, – ҳатто хорию дашном ва таҳдидҳои вай ҳам такрор ва дилбазан буданд.
Рашид лаҳзае бо нигоҳи кунд ба рӯи вай нигариста истоду баъд оҳиста гуфт:
– Аз худнамоию худписандиат ҳеҷ намондӣ. Одам камтар андеша мекунад. Ҳамон рӯзе, ки хирса куштем, ба гапи ман гӯш накарда, қариб мурда будӣ. Ба азобе туро қай кунонда, аз мурдан халос кардам.
– Ӯҳ-ҳӯ-ӯ!.. Ин кас, мана аз мурдан халос карданд! – тамасхуромез хандид вай. – Як бурда гӯшт хӯрдан қатӣ одам мемурдаст! Қандата зан, аз ту барин духтур, се-чорта бошад!
– Ту хока медонӣ! – гуфт бо зарда Рашид. – Дар тиб инро дистрофия мегӯянд. Баъди гушнагӣ ҷисми одам бемадор аст, хӯрока ҳазм карда наметавонад, мурданаш аз ҳар чӣ осон...
Ту чиро мефаҳмӣ! – Баъд қадре аз қаҳр фуромаду гуфт: Ман кори кардагема миннат намекунам. Вазифаи ман дар ҳама ҷо, ба ҳар як одам ёрӣ додан аст. Ҳолӣ ман духтур ҳам нестаму...
– Э, рав дигар бор мурам ҳам, ба халқам об начакон!
Омада-омада, акнун ту ҳам ба ман миннат кун! Ман, аслан, аз

пешина
аз 192
навбатӣ