Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳезуми сӯхтанӣ набуд, гӯгирдона ҳам ба шумор монда буд. Аз ин сабаб онҳо алав намекарданд. Гӯшти хирсбачаро хом мехӯрданд.
Рашид бо ҷинчароғи сохтааш аксар ҳангом дар таҳи дар ҷунбуҷӯл дошт. Вай барфу шағали даҳани ғорро гирифта ба сангҳои мисли болиш калон расиду ночор монд. “Агар раҳи дигари баромадан набошад, хирс ҳам ин сангҳоро ҷунбонда наметавонад, мегуфт дар дил, вале барои ноумед накардани шариконаш алҳол аз ин хусус хомӯш буд. Даҳани ғор хеле таҳ мондагӣ барин...” Вай шабу рӯз пора-пора сангу яхро ҷудо карда мегирифт ва сангҳои калон беш урёнтар мешуданд. Ҳар замон гӯшашро ба санг ниҳода, ба берун гӯш медод, вале на садое, на шарфае. “Дар ин кӯҳсори хилват кӣ садо медиҳад? – ба дил меандешид вай. – Ин вақти сол чӯпонҳо ба ин ҷо намеоянд, алаф нест, роҳ аз даҳони ғор дуртар аст, садои гуфтугӯ намеояд... Аҷаб зинда мондем, – гаштаю баргашта шукр мекард Рашид. – Табиат ба мо подоше кард... Дар ивази ин подошаш то зиндаам ба ягон ҷонвари ин кӯҳсорон зиён намерасонам. Агар ҳамин хирсҳо дар кӯҳсори мо намебуданд, мо ҳалок мешудем...”
– Ҳой, Ғирғирак, беҳуда чӣ талвоса дорӣ?! – мазоҳомез лаб бурма мекард Самеъ. – Ин раҳа агар кушояд, ҳамон хирс мекушояд, бача! Набошад, уна ҳам кушта мехурему мешинем.
Онҳо ҳоло ба якдигар хеле кам сухан мегуфтанд. Гӯё ҳама суханони гуфтаниро гуфта адо карда буданд. Рӯзи дароз ба санг такя зада нишастан, аз як паҳлу ба паҳлуи дигар баргашта хобидан дилгир карда буд. Ҳар се тан ҳам ба чунон ҳолате афтода буданд, ки баъзан аз сухани оддии якдигар ҳам асабонӣ мегаштанд. Рӯз аз рӯз камтар ва беш аз пеш бо ҳам мухтасар сухан мекарданд.

пешина
аз 192
навбатӣ