Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

духтур ҳам безораму аз бӯю тафаш ҳам. Аз пеши духтурхона
гузарам, дилам беҳузур мешавад. А ростӣ, сафедпӯша бинам,
азроила дидагӣ барин мешавам.
– Э, монед ҳамин гапҳора, – Ҳусейн дилтанг гашту баҳсро хомӯш кардан хост ва суханро ба мавзӯи дигар тофт: – Беҳтараш, фикр кунед: агар хирс бедор шавад, чӣ кор мекунем?
Дар ин хусус онҳо чанд рӯз боз фикр мекарданд, аммо
ҳанӯз ба ягон қароре наомада буданд. Баъзан ба кунҷу канораҳои ғор руст шудан мехостанд, гоҳо дар як роҳрави сарбаста.
– Ман ҷояма ёфтагӣ! – бо тантана эълон кард Самеъ. –
Ба даст шофа мегираму ҳу, ана, ба он ҷо баромада мешинам,
– вай ковокии дар шифти пешайвон будагиро нишон дод. –
Ҳусейн, ту ҳам меғунҷӣ.
– Дар он ҷо як соат меистӣ, ду соат меистӣ, зиёд истода
намешавад-ку? – гуфт Рашид.
– Зиёд истодан даркор ҳам не, хирс як нафасба раҳ мекушояду баромада меравад.
– Агар бинад-чӣ? Зарар расонда наметавонад? – пурсид
Ҳусейн баландии он токчаро бо чашм андоза карда.
– Наметавонад, – ӯро хотирҷамъ кард Самеъ. – Хирс пар
надорад, ки парад.
– Хирс ҳайвони зирак мегӯянд, – гуфт Ҳусейн дудила
гашта. Баъд ба Рашид рӯ овард: – Рашид, ту чӣ кор мекунӣ?
А?
– Агар ман хирса кушта шикаматона сер намекардам,
ҳар дуят ҳам мемурдед, – гуфт Самеъ ба гӯште, ки дар барфи
даромадгоҳи ғор ниҳода буданд, бо ифтихор нигариста. – Додои ту бояд як умр ин некии мана аз ёд набароранд, – таъкид
кард ӯ ба Ҳусейн боз як бор. – Гапҳои пасту баланд гуфтем...

пешина
аз 192
навбатӣ